Дар Москва ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиш доир мегардад
ДУШАНБЕ, 20.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москва бо ташаббуси Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи форсу тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар мавзуи «Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария» ҳамоиш баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш ҷанбаҳои илмӣ-назариявӣ, таҷрибаи амалии мутафаккири барҷаста дар илми тиб, андешаҳои фалсафавӣ ва педагогӣ, дидгоҳи гуманистии шоир мавриди омӯзиш қарор гирифта, коршиносон ва муҳаққиқон дар робита ба ин мулоҳизаронӣ менамоянд.
Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳамаи давру замон ва олими забардасти тоҷик аст. Ӯ дар охири асри X ва аввали асри XI зиндагӣ намуда, дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазо гузоштааст.
Абӯалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буда, фаъолияти эҷодиро солҳои 996-997 аз 17-18-солагӣ шуруъ намудааст. Сино дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф шудааст.
Сино беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-тои он маҳфуз мондааст. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан 150-тояш дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои «Ал-Шифо» ва «Қонун» мебошанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик бо нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар мамлакат ба номаш чандин хиёбон, донишкада ва ноҳияро гузошта, ба гиромидошти ӯ ҷоизаи бонуфузи илмӣ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале бузургтар аз ҳама, эҳтиром ва маскани шоир дар дили халқи мо аст. Ба қавли олими тавонои олмонӣ Бурхард Брентес, «тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни Синоро, ки давоми ҳазор сол ба хираду ақли Аврупо таъсир дошт, оқилона ҳифз мекунанд».
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» гуфтаанд: «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан, нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Бо шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад. Зеро ҳикмате, ки инсонро ба роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят мекунад, бо гузашти замон моҳият ва арзиши бештар пайдо мекунад».
АКС: Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






