Дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон хизматрасониҳо тариқи пардохтҳои ғайринақдӣ амалӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1591 воситаи пардохтҳои электронӣ, аз ҷумла 820 постерминал ва 771 QR- рамзҳо дар 463 муассиса пайваст гардид. Дар ин хусус 5 август зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ дода шуд.
Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пардохти ғайринақдӣ ҷорӣ гардида истодааст, ки хизматрасониҳо аз тарафи аҳолӣ дар ин самт давра ба давра муътадил мешавад. Ҳамчунин дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 50 постерминал ва 711 QR- рамзҳо насб гардидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки рушди босуръати технология дар ҷаҳони молиявӣ зарурати истифодаи чунин намуди пардохтҳо, ба мисли пардохтҳои ғайринақдиро тақозо мекунад.
Бояд гуфт, ки гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ба сарфаи вақту пешгирии хароҷоти иловагии муштариён мусоидат намуда, минбаъд пардохти хизматрасонии давлатӣ танҳо ба таври ғайринақдӣ амалӣ мешавад.
Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, интизориҳоро дар назди банкомату постерминалҳои хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва сабаби сарфаи вақту коҳишёбии хароҷоти иловагии мардум мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






