Дар Нуробод вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар ноҳияи Нуробод бо кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод ва шуроҳои ҷамъиятии назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия дар самти тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа вохӯрӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вохӯрӣ дар доираи «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» ва нақшаи чорабиниҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе доир шуда, ба ҳамкории судманди мақомоти корҳои дохилӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ равона гардид.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ Сафиало Азизуллозода ҳозиринро бо Низомномаи нави шуроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ шинос намуда, гуфт, ки бо мақсади баланд бардоштани мавқеи шуроҳои ҷамъиятӣ ва мустаҳкам намудани робитаи мутақобили милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ 13 феврали соли 2024 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи шуроҳои ҷамъиятӣ тасдиқ шудааст. Шуроҳои ҷамъиятӣ маҳаки асосии раванди ислоҳоти милитсия ба ҳисоб рафта, бинобар ин кормандони милитсияро зарур аст, ки фаъолиятро бо шуроҳои ҷамъиятӣ мустаҳкам намоянд.
Таъкид гардид, ки бо назардошти қабул гардидани ин низомнома вазорат тасмим гирифтааст, ки аз моҳи сентябри имсол ҳайати нави шуроҳои ҷамъиятиро интихоб намояд. Аз ин хотир масъулини шуъбаро зарур аст, ки дар самти интихоби номзадҳои нав кор баранд.
Дар вохӯрӣ оид ба ҳолатҳои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва хурофотпарастиву бегонапарастӣ ибрози андеша карда шуд.
Ҳамагон даъват шуданд, ки дар пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа саҳм гузоранд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид






