Дар Париж ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба ҳамбастагии олимпии Осиё баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Ҳамоҳангсози қитъавии Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба ҳамбастагии олимпии Осиё Эдвард Кенсингтон мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ баррасӣ шуданд.
Барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ – 2024 дар шаҳри Париж аз номи Роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдор дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии мамлакат ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва кишвари мизбон изҳори миннатдорӣ карда шуд.
«Мо дар доираи Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 аз номи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба ҳайати мунтахаби варзишии Тоҷикистон барору музаффарият таманно намуда, муваффақияти минбаъдаро дар ин Бозиҳои олимпӣ, ки то 11 август идома меёбанд, аз ҳайати мунтахаби шумо умед дорем», — иброз дошт Эдвард Кенсингтон.
Дар фарҷоми вохӯрӣ барои тақвияти ҳамкории минбаъда аз номи ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба Ҳамоҳангсози қитъавии Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба ҳамбастагии олимпии Осиё туҳфа бо ҷойгиршавии нигораҳои миллӣ ва рамзи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон эҳдо гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






