Дар платформаи электронии махзани иттилоотӣ-ҳуқуқии адлия санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ рақамикунонӣ шуданд

Август 10, 2024 12:01

ДУШАНБЕ, 10.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз соли 1991 то соли 2024 рақамикунонӣ ва дар платформаи электронии махзани иттилоотӣ-ҳуқуқии адлия ҷойгир карда шуданд. Дар ин хусус 8 август зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки давоми 33 сол қабул шудаанд, дар платформаи электронии махзани иттилоотӣ-ҳуқуқии адлия ворид карда шуданд. «Дар айни замон махзани адлия дар ду шакл- намунаи онлайнӣ, яъне тавассути ворид шудан ба сомонаи махзан бо истифода аз компютер ва планшет ба шаҳрвандон дастрас мебошад. Рӯзҳои наздик намунаи мобилии ин махзан ба ҳамагон дастрас карда мешавад»,-баён дошт вазир.

Таъкид гардид, ки барои амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ истифодаи платформаи электронии махзани мутамарказонидаи иттилоотӣ-ҳуқуқии адлия ройгон аст. Дар тамоми мақомоту идораҳои давлатӣ ин махзан насб карда шуда, онҳо аз ин махзан ройгон истифода мебаранд.

Музаффар Ашуриён изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд барои фароҳам овардани тамоми шароит ва ҳалли мушкилоте, ки дар ин самт ҷой доранд, тадбирҳо андешида мешаванд. «Мақсад аз рақамикунонии соҳа- ин, қабл аз ҳама, осон ва сабук намудани дастрасии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба хизматрасонии давлатӣ мебошад»,-афзуд ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки барномаи пардохти ҳушманд, постерминалҳое, ки дар Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалии мамлакат гузошта шудаанд, на танҳо корти миллӣ, балки дилхоҳ кортро қабул мекунанд. Дар айни замон тамоми шаҳрвандон имкон доранд ҳамаи пардохтҳои давлатиро дар ин идораҳо тариқи электронӣ бо истифода аз ҳамёни электронӣ низ пардохт намоянд. Зеро дар ҳар идора аллакай QR- рамзи ягона ворид карда шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2024 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд