Дар Тоҷикистон ҳарорати ҳавои аввали фасли тирамоҳ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад

Август 26, 2024 13:33

ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи аввали тирамоҳ — сентябр ба обу ҳавои моҳи сентябри соли 2000 монанд хоҳад шуд. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, даҳаи дуюми моҳ ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Моҳи сентябр ҳаво дар водиҳо то 25 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 19 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ  ҳаво дар водиҳо шабона то 18 ва рӯзона то 36 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона то 17 ва рӯзона то 30 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Нимаи дуюми моҳ дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, дар водиҳо аз 15 то 32 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 12 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.  Миқдори моҳонаи бориш (борон асосан дар даҳрӯзаи сеюми моҳ пешгӯӣ мешавад) дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 23 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 15 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, дар водиҳо шабона то 14 дараҷа ва рӯзона то 29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 ва  рӯзона то 20 дараҷа гарм, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда, то 15 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориш дар водиҳо аз меъёри иқлимӣ кам ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 15 дараҷа ва рӯзона то 32 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона то 8 ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.

Моҳи сентябр дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 5+8 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 16 то 11 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

 АКС: Дидор Саъдуллоев

Август 26, 2024 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад