Дар Тоҷикистон беш аз 5000 муассисаи тиббӣ ба сокинон хизмат мерасонад
ДУШАНБЕ, 18.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 5120 муассисаи тиббӣ фаъолият менамояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Тавре Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд, бо мақсади таъмини беҳтарсозии ҳолати инфрасохтори шабакаи муассисаҳои тандурустӣ дар 6 моҳи соли 2024 аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 34 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, 110 муассисаи тандурустӣ таъмир гардид.
Инчунин барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазорат ба якчанд муассисаҳои соҳа ба маблағи 112,99 миллион сомонӣ молҳои тиббию дору дастрас карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 32,83 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба муассисаҳои табобатию пешгирии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 3,15 миллион сомонӣ, вилояти Хатлон – 11,7 миллион сомонӣ, Суғд – 11,13 миллион сомонӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1,18 миллион сомонӣ, ба муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ 84,81 миллион сомонӣ ва ба шаҳри Душанбе ба маблағи як миллион сомонӣ дору ва таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ дастрас карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид






