ДАР ТОҶИКИСТОН ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ҶУЗЪЕ АЗ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ АСТ. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамоиши матбуотӣ баргузор шуд

Август 13, 2024 16:41

ДУШАНБЕ, 13.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе вобаста ба  муаррифӣ ва шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши матбуотии  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиши матбуотӣ  роҳбарият ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ, Шурои уламои Маркази исломӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарону масъулони  намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дар нишаст  иброз  гардид, ки мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боло рафтани сатҳи зиндагӣ дар ҳар хонавода замина гузошта, маблағҳои аз ҳисоби сарфакорӣ бадастомада барои таъмири хона, хариди маводи зарурии рӯзгор, таълиму тарбия ва донишандӯзии фарзандон, таъмини беҳтари маишӣ, хариди техникаву технологияи навин сарф карда шудаанд ва   фарҳанги маъракаороии мардум бо назардошти тамаддуни пешрафтаи ҷаҳонӣ ранги дигар гирифт.

Аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки мутаассифона, баъзе созмону ниҳодҳои алоҳида ва воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ меъёрҳои ин қонунро нодуруст шарҳу тавзеҳ додаанд, ки қобили қабул намебошад. Чунончӣ, дар хусуси ба масҷид нарафтани занҳо. Масъалаи ба масҷид нарафтани занҳо ҷанбаи динию мазҳабӣ дошта, аз лиҳози қонун дар ин самт ҳеҷ гуна маҳдудият мавҷуд нест. Ба масҷид нарафтани занҳо танҳо ба пайравони мазҳаби ҳанафии дини ислом дахл дорад, на ин ки ба ҳамаи занҳо. Чунки занҳои дигар, аз ҷумла пайравони равияҳои католикӣ, баптистӣ, православӣ, кришнаӣ, баҳоӣ ва монанди инҳо озодона маросими динии худро дар иттиҳодияҳои динӣ адо  мекунанд. Занҳои пайрави равияи шиаи имомии исмоилии дини ислом, ки онҳо ҳам мусулмонанд, ба ҷамоатхонаҳо мераванд ва бе ҳеҷ гуна маҳдудият тоату ибодат мекунанд.

Дар хусуси пӯшидани либоси динӣ изҳор карда шуд, ки дар Тоҷикистони дунявӣ ба шаҳрвандон барои адои маросими динӣ ва пӯшидани либосҳои дахлдор тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар робита ба пӯшидани либоси ягонаи хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ,  миёна ва олии касбӣ (дар асоси қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм) иттилоъ дода шуд, ки онҳо тавсиявӣ мебошанд.


Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар нишаст  изҳори таассуф кард, ки чанд муддат инҷониб дар воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон ва маҳдуд намудани озодии эътиқод ва пайравӣ ба дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанд. Чунин андешаҳо дар заминаи маълумоти нодуруст ба вуҷуд омадаанд.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ бармеояд, ки баъзе расонаҳои хабарӣ аз асли масъала маълумоти кофӣ надошта, гузоришҳои худро дар заминаи хабарҳои беасос ва муғризона интишор менамоянд. Аз ҷумла, маводи гуногун  доир ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳиҷоби шаръӣ, номҳои арабӣ, либоси суннатии исломӣ, риш, рафтани занон ва кӯдакони то 18-сола ба масҷид, рафтани шаҳрвандони то 40-сола ба ҳаҷ, таҳсил дар мадориси исломӣ, воридоту содироти китобҳои исломӣ бе иҷозаи расмӣ ва ғайра  дар расонаҳои гуногун ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуданд.

Дар ин замина шахсоне, ки дар садри раёсати ташкилоти байналмилалии исломӣ истодаанд, ба чунин хабарҳои бардурӯғ бовар намуда, таҳти ҳаяҷон ҳамчун мусулмон ва роҳбарони ташкилоти бонуфузи исломӣ вокуниш нишон медиҳанд ва ҳамин тариқ гӯё рисолати динии худро ба анҷом мерасонанд.

Вобаста ба масъалаи бамиёномада ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуне, ки қонеъ намудани эҳтиёҷоти динии шаҳрвандонро маҳдуд месохта бошад, қабул нагардидааст. Ба шахсони ҳангомаҷӯй бояд посух дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 4000 масҷиди марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта озодона фаъолият намуда, ба 2500 нафар намозгузорон 1 масҷид рост меояд, ки ин нишондиҳанда дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал меистад.

Вобаста ба масъалаи ба истилоҳ «манъи сатру ҳиҷоб» ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз асли масъала огоҳ карда шавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи «манъи сатру ҳиҷоб» вуҷуд надошта, балки баръакс, дар сатҳи давлатӣ, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав масъалаи ҳифзи фарҳанги миллӣ баррасӣ гардидааст, ки чунин иқдом дар ҷаҳони ислом аввалин буда, қобили таҳсин аст.

Бояд гуфт, ки мардуми шарифи тоҷик, алалхусус занону модарони мо давоми садсолаҳо либосҳое мепӯшиданд, ки ба талаботи шариат ҷавобгӯ буда, урфу одати маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифтаанд. Агар мо ба либоси мардум эътибор диҳем, шоҳиди он мешавем, ки занону​ духтарон ва модарон дар мамлакат либоси миллӣ мепӯшанд. ​Чунин тарзи либоспӯшӣ ҳоло ҳам дар деҳоти Тоҷикистон ба назар мерасад: куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар сар рӯймол ё дока. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт.

Либоси миллӣ рукни фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки давоми қарнҳо моҳияти арзиши миллии худро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард.

Айни ҳол аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор тарҳи либоси миллӣ барои занону духтарон омада шуда истодааст, ки он ба талаботи дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар ин хусус фатвои Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон «Дар бораи либоси миллӣ» содир карда шуд, ки дар он пӯшидани либосҳои миллӣ, ки ба талаботи дини ислом ҷавобгӯ бошанд, ҷонибдорӣ гардида, тавсия дода шудааст, ки занону духтарон аз пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона худдорӣ намоянд.


Раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ҳамоиши матбуотӣ  гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи мамлакат ҷойгоҳи динро дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле одилона шарҳ  додаанд: «Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад. Мардуми мо дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд. Бояд гуфт, ки ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангу тамаддунҳои башарият ҳанӯз аз аҳди бостон то ба замони нав дар роҳи ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа хизмат кардаанд ва ҳадафи аслии ҳамаи онҳо тарбияи инсони комил ва солеҳ будааст». Дар мулоқоте, ки 9 марти соли 2024 баргузор гардид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабабу омилҳои бисёре аз ихтилофоти ҷаҳони муосирро муфассалан шарҳ доданд, аз ҷумла моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаҳои бешумори сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангиро шарҳу тафсир доданд. Дар ҳақиқат, дунёи имрӯза тавре аст, ки барои бурд кардани як ё ду давлат ҳазорон нафар қурбон мешаванд, одамони гумроҳ барои амалӣ шудани сиёсатҳои пурихтилоф суиистифода мегарданд, ҷомеаҳо пароканда шуда, давлатҳо аз байн мераванд. Дар чунин ҳолати пурхатар танҳо он давлатҳое осеб намебинанд, ки мардумонаш дар гирди давлати хеш ҷамъ омада, некро аз бад ба хубӣ фарқ карда метавонанд, ба таассубу хурофот ва мафкураи бегонаи зараровар тааллуқ намегиранд, аз пайи мақсадҳои худ мераванд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масъалаи ҳаҷи такрорӣ ва маъракаҳои баъди умра ва ҳаҷ изҳор кард, ки  дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳар шахси солимфикр бояд ба он андеша бошад, ки чӣ гуна роҳҳои муносибтари дарёфти хайру савобро пайдо кунад ва агар маблағи ҳаҷи такрорӣ бо мақсади ободонӣ сарф шавад, беҳтарин кору амали савоб хоҳад буд. Дар ивази ҳаҷи такрорӣ ва харҷу сарфи маблағҳои баъди сафари ҳаҷ ва умра садақаи ҷорияро бояд интихоб кард, ки савобаш бардавом аст. Пуле, мактабе, роҳе, масҷиде ё ҳар ҷое, ки мардуми омма аз он истифода мебаранд, савобаш зиёдтар ва манфиатовартар мебошад.

Дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуданд, ки «ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбад, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад. Хурофот хатаре аст, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад».

Дарвоқеъ, мо худ шоҳиди онем, ки чӣ гуна хурофоту таассуб, ҷаҳолату ифротгароӣ ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азим оварда, ҷомеаро ба ҷанги бародаркуш таҳрик дода буд. Инчунин дар ин вохӯрӣ доир  ба бегонапарстӣ дар сару либос, яъне бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ таъкидҳову тавсияҳои мушаххас доданд. Сарвари давлат, аз ҷумла иброз намуданд, ки «модарону занони мо – тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекунанд».

Дар нишаст гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи он роҳбарони ангуштшумори кишварҳои дунё ҳастанд, ки барои тоза нигоҳ доштани дини мубини Ислом аз ифроту тундгароӣ аз минбарҳои баланди байналмилалӣ садо баланд мекунанд ва дини мубини Исломро доиман дифоъ менамоянд. Дар Тоҷикистон ба ҷо овардани аркони диндорӣ комилан озод аст, масҷидҳо фаъоланд, иттиҳодияҳои динӣ кори худро мувофиқи оинномаҳояшон анҷом медиҳанд.

Зиёда аз ин дар Тоҷикистон дини мубини Ислом ҷузъе аз фарҳанги миллӣ аст ва дину фарҳанг якдигарро мукаммал мекунанд. Ин як ҷумлаи одӣ нест, балки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамин  сарчашма мегирад. Ишораи Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат вобаста ба эҳтирому арҷгузорӣ ба  фарҳанги миллӣ, аз ҷумла фарҳанги либоси тоҷикона  ба занону духтарони   Тоҷикистон дахл дорад  ва ин як кори маъмулии ҳар давлати соҳибистиқлолу дунявӣ  аст. Аз ин масъалаи дохилии як давлат, ки назму низоми фарҳанги як миллатро фаро мегирад, фоҷиа  сохтан ба қавле аз пашша фил сохтанро мемонад.

Дар маҷмуъ бояд таъкид кард, ки  Тоҷикистон ба уҳдадориҳои байналмилалии хеш содиқ буда, ба ҳуқуқи шаҳрвандони худ оид ба виҷдону мазҳаб бо эҳтироми хосса муносибат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи дин дар доираи талаботи қонунҳои мамлакат ва санадҳои байналмилалӣ баҳри беҳбуди некӯаҳволии мардум, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, таҳаммулпазирии адён ва озодона иҷро намудани маросими динӣ мусоидат намояд.

 Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Август 13, 2024 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташкили даврҳои омӯзишӣ барои дипломатҳои ҷавони тоҷик дар Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон доир шуд
Дар Риёз машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзуи обу иқлим баланд арзёбӣ гардиданд
Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Абузабӣ мулоқот намуд
Масъалаи сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд