Дастаи мунтахаби бадминтони Бадахшон соҳиби Ҷоми Федератсияи бадминтони Тоҷикистон шуд

Август 11, 2024 11:24

ХОРУҒ, 11.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ давоми ду рӯз мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди бадминтон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи бадминтони Тоҷикистон байни варзишгарони навраси вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Дар мусобиқа беш аз 60 варзишгар иштирок намуд, ки аз нисф бештарашонро  духтарон ташкил медоданд. Варзишгарон аз рӯи чанд намуд, аз ҷумла рақобатҳои инфиродию ҷуфтӣ байни духтарону писарон, рақобатҳои омехта ва даставӣ бо ҳам сабқат намуданд.

Президенти Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Кабирҷон Ҷуразода гуфт, ки «дар Тоҷикистон ин намуди варзиш ҳамагӣ 10 сол пеш таъсис дода шуд ва дар айни замон дар ҳоли рушду инкишоф мебошад. Дар ин давра дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ мутобиқ ба синну сол гурӯҳҳо ташкил ёфта, барои тамрин ва мусобиқаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Бо мақсади баланд бардоштани малакаву маҳорати мураббиёну доварон ҳамасола бо иштироки мутахассисони соҳибтаҷриба дар шаҳри Душанбе даврҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд. Ин тадбирҳо имконият доданд, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ ҳузур пайдо карда, бо ҷоизаҳо ба Ватан баргарданд».

Дастаи мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рақобатҳои инфродӣ, ҷуфтӣ ва омехта маҳорату малакаи  баланд  нишон дода, ба гирифтани Ҷоми Федератсияи бадминтони Тоҷикистон сазовар гардид. Дастаҳои мунтахаби Душанбе ва вилояти Суғд  ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2024 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд