Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Қазоқистон ду бозии дӯстона анҷом дод

Август 26, 2024 16:49

ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар шаҳри Остона ду бозии дӯстона анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Рақиби тими мо — барандаи зинаи чоруми Чемпионати ҷаҳон-2021-дастаи яккачини Қазоқистон буд.

Дар бозии дӯстонаи якум дастаи мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Дар бозии дуюм дастаи Тоҷикистон ду маротиба бо ҳисоби 1:0 ва 3:2 пешсаф буд, вале натиҷаи пирӯзиро нигоҳ дошта натавониста, бо ҳисоби 3:4 мағлуб гардид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон то Ҷоми ҷаҳон-2024 дар Душанбе боз ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. 5 сентябр бо Испания ва 8 сентябр бо Нидерландҳо рақобат мекунад. Ҳардуи ин вохӯриҳо дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегарданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 26, 2024 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд