ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар шаҳри Турсунзода барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ доир шуданд
ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, инъикоси санъату анъанаҳои халқӣ барои эҳё намудани суннатҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода байни занону ҷавондухтарон барномаҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ доир шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Занони деҳот дар як хона ҷамъ омада, таомҳои миллӣ омода намуданд. Инчунин ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва наққошии маҳсули дасти худро ба намоиш гузоштанд.
Ҳадафи асосӣ аз баргузории ин намоиш тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва омодасозии таомҳои миллии қариб аз байнрафта барои насли ҷавон мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар шашмоҳаи якуми имсол дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон ба 57,1 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ин нишони рушд ёфтани соҳаи ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ аст. Ҳунармандон бештар ба истеҳсоли маснуоте, ки аз гузаштагонашон ба мерос мондаанд, таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Тибқи маълумот, давоми шаш моҳи имсол 9291 нафар занону духтарони хонанишин ва шаҳрвандони дигар ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин давра таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва дар се давр Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Турсунзода








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






