Экологҳои ҷавон бо Маркази гидрометеорологии вилояти Суғд шинос шуданд

Август 13, 2024 11:41

ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони гурӯҳи ҷавонони ташаббускори «Нозирҳои сабз» аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Бохтар, Рашт ва 12 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд аз 2 то 9 август бо фаъолияти Маркази гидрометеорологии вилояти Суғд шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Роҳбарияти марказ экологҳои ҷавонро бо фаъолияти муассиса ва таҷҳизоти истифодашаванда шинос намуд. «Нозирони сабз» бо раванди кори истгоҳ, системаи пешгӯии обу ҳаво, инчунин усулҳои истифодаи таҷҳизоти навтарин, ки намӣ ва ҳарорати ҳавои атмосфера, самт, суръати шамол, таҷҳизоти ченкунии сатҳ ва ҳаҷми обро дар чашмаҳои кушод дақиқ чен мекунанд, шинос шуданд.

Гурӯҳи ҷавонони ташаббускор ба Институти кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон рафта, на танҳо бо фаъолияти институт, балки бо озмоишгоҳҳо оид ба химияи муҳити зист, мониторинги атмосфера ва гидросфера, инчунин лабораторияи таҳлили об шинос шуд. Инчунин иштирокдорон утоқи минералогиро, ки дар он намунаи маъданҳою сангҳо аз тамоми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мавҷуд мебошад, тамошо намуданд.

Экскурсия на танҳо донишҳои назариявию амалии иштирокчиёнро васеъ намуд, балки таваҷҷуҳро ба касбҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои об ҷалб намуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 13, 2024 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд