Фонди хайриявии «Музаффар» ба рӯйхати Ташкилоти муваффақи фаъолияти волонтёрӣ дар Осиёи Марказӣ ворид шуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фонди хайриявии «Музаффар» дар қатори дигар ташкилоти минтақа ба рӯйхати Ташкилоти муваффақи фаъолияти волонтёрӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ворид карда шуд.
Тавре масъулини фонди хайриявӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 12 июли имсол дар шаҳри Ню-Йорк- дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид маросими рӯнамои аввалин гузориши минтақавӣ оид ба вазъи фаъолияти волонтёрӣ дар Осиёи Марказӣ ва вазъи фаъолияти волонтёрӣ дар Осиёи Марказӣ- Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш аз дарки аҳамият ва муҳимияти фаъолияти волонтёрӣ ва дарёфти беҳтарин таҷрибаҳои волонтёрӣ дар минтақа иборат буд. Дар ҷараёни он доир ба дастгирии фаъолияти волонтёрӣ, нақши волонтёрон дар амалигардонии Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030, саҳми фаъолияти волонтёрӣ дар пешбурди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, дарёфти беҳтарин таҷрибаҳои волонтёрӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор доир шуд.
Мушовири Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти волонтёриро ҳамчун яке аз заминаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ эътироф намуда, ҳамеша омода аст волонтёронро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ ва руҳбаланд намояд.
Бояд гуфт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», «Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027» ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 21 ноябри соли 2023 ва дигар санаду меъёрҳои муҳим, инчунин марказҳои ҷавонон бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷалби тамоми қишрҳои аҳолии ҷумҳурӣ ба фаъолияти волонтёрӣ нишони он аст, ки Тоҷикистон аҳамияти дастгирии ин намуди фаъолиятро дарк намуда, барои дастгирии он омода аст.
Фонди хайриявии «Музаффар», ки ҳамчун яке аз 15 таҷрибаи беҳтарини фаъолияти волонтёрӣ байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ эътироф гаштааст, бо таҷрибаи беназираш дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон ба эҳтиёҷмандон пайваста кумак менамояд.
АКС: Фонди хайриявии «Музаффар»








ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






