Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон — Платформаи мубодилаи таҷриба ва ҳамкорӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 16 август дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ташкил шуда, ба мустаҳкам кардани ҳамкорӣ, мубодилаи афкор ва таҷрибаи ҷавонони фаъол, инчунин баррасии масъалаҳои калидии сиёсати ҷавонон нигаронида шудааст.
Ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои форум ба мустаҳкам кардани ҳамкорӣ байни ташкилоти ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳияи стратегияҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти мубрами ҷавонони ду давлат равона шудаанд.
Баргузории форум имконияти беназир барои мубодилаи таҷриба, барқарор кардани тамосҳои нав ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак буда, дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон қадами муҳим мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






