Хадамоти гумруки Точикистон доир ба барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ иттилоъ дод

Август 8, 2024 08:51

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз идома ёфтани буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ дар робита ба
вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки боиси ба амал омадани душвориҳои зиёд ҳангоми интиқоли борҳо байни шарикони тиҷоратии хориҷии ҷумҳурӣ гардид, Хадамоти гумрук тавонист иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд таъмин намояд. Ин нуктаро муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода 7 август дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2024 таъкид намуд.

Имсол нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 4 миллиарду 332,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, ба буҷети давлатӣ 4 миллиарду 612,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки ба 106,5 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад. Аз ҳисоби иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ ва нисбат ба пардохтҳои гумрукии ҷамъоварда дар ҳамин давраи соли 2023 457,5 миллион сомонӣ зиёд ворид гардид.

Азим Турсунзода афзуд, ки иҷрои нақша аз рӯи намуди пардохтҳои гумрукӣ: воридоти андоз аз арзиши иловашуда беш аз 104 фоиз ё 149,7 миллион сомонӣ зиёд, боҷи гумрукӣ 116,9 фоиз ё зиёда аз 83 миллион сомонӣ, боҷи содиротӣ 126 фоиз ё 22,4 миллион сомонӣ зиёд, андози аксизӣ беш аз 105 фоиз ё зиёда аз 19 миллион сомонӣ ва воридоти ғайриандозӣ 133 фоиз ё 26,9 миллион сомонӣ зиёд таъмин карда шуд.

«Аз таҳлилҳо бармеояд, ки сабаби асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ- ин амалӣ намудани якчанд чорабиниҳои иловагии такмили низоми маъмурикунонии гумрукӣ — дуруст муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ, таъмини сифатноки барасмиятдарории гумрукӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тақвияти фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии мол, назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти гумруки дигар давлатҳо мебошад»,- таъкид намуд Азим Турсунзода.

Ҷорӣ намудан ва истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияи таҳлилу коркарди маълумот дар шакли электронӣ, бо низоми ғайринақдӣ ва электронӣ пардохт намудани боҷҳои гумрукию андозҳо, таъсиси низоми Равзанаи ягона ва мукаммалгардонии идораи таваккал дар системаи иттилооотии автоматикунонидаи ягонаи /СИАЯ/ Хадамот ба иҷрои босифат ва барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ мусоидат намуд.

Дар амал татбиқ намудани ин тадбирҳо раванди вобастагии барасмиятдарории гумрукӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукиро аз омилҳои инсонӣ коҳиш дода, фаъолият дар ин самт ба таври системавӣ тариқи технологияҳои муосир амалӣ шуд. Ин ҳолат барои барзиёд таъмин шудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2024 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Тошканд баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҳаҷми гардиши савдо дар ноҳияи Рашт ба 73 миллиону 248 ҳазор сомонӣ баробар шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ МЕЛИОРАТОРОН. Дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор гектар замини кишоварзӣ дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонии обҳои зеризаминӣ дар Давос иштирок доранд
ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ РАШТ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия аз 2,3 ба 74,6 миллион сомонӣ баробар гардид
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Суғд шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ афзоиш меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ маркази муосири тиҷоратӣ сохта мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2024 кишоварзони Сангвор ба маблағи 35 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд бинои Палатаи савдо ва саноат сохта мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи 45-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё иштирок намуданд