ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин хусус

Август 30, 2024 16:02

ДУШАНБЕ, 30.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ неъмати бузурге аст, ки дар интиҳои асри 20 насиби миллати  мо гардид. Имрӯзҳо мардуми ҷумҳурӣ, хурду бузург, мақомоти давлатӣ, идораву муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо ва хулоса тамоми ҷомеаи тоҷикистонӣ ба таҷлили ин ҷашни муқаддас омодагӣ мегиранд, аз гузашти 33 сол ёдоварӣ менамоянд, онро таҳлилу хулосабарорӣ ва ояндаи Ватанро пешгӯӣ менамоянд»,-иброз доштааст Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад.

— Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳоми тоза мебахшад ва ба пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ баланд шудани сатҳи рӯзгору некӯаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Хизматҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз намудани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои ҷаҳониашон муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешаванд.

Ба андешаи ман, нақши таърихии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини Истиқлолияти воқеии давлатӣ, ба даст овардани сулҳу суботи саросарию Ваҳдати миллӣ  ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ баръало зоҳир ва дар таърихи навини ҷумҳурӣ бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад.

Пешвои миллат ба савганди худ ба мардуми Тоҷикистон, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» ва «Гурезаи охиринро ба Ватан бармегардонам!» содиқ монданд ва ин савгандро воқеан ҳам дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро намуданд.

Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон, ки бо ташаббус ва сарварии Президенти Тоҷикистон амри воқеӣ гардид, на танҳо аҳамияти умумимиллӣ, балки аҳамияти байналмилалӣ низ дорад. Ин таҷриба дар таърихи башарият падидаи беназир маҳсуб гардида, метавонад барои фурӯ нишондани оташи низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар мамлакатҳои даргири ҷанги дохилӣ мавриди истифода қарор дода шавад.

Баъдан, эҳёи мактабу маориф ва илму фарҳанг бо мақсади боло бурдани сатҳи маърифат ва ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва  рушди соҳаи тандурустӣ ва варзиш ба хотири насли солим ва миллати солим аз ибтикороти ҷиддии дигари Пешвои миллат мебошанд.

Сарвари давлати тоҷикон дар суҳбату мулоқот ва суханрониҳо зарурати маърифатнокии ҷомеаро таъкид ва донишмандонро пайваста ба омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик даъват менамоянд. Пешвои миллат ба таҳқиқи гузаштаи пурифтихори миллат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баъзе саҳифаҳои дурахшони ибратбахшу маърифатомӯзи таъриху забону фарҳанги миллатро манзури хонандагон мегардонанд, ки китобҳои «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор», «Забони миллат- ҳастии миллат» ва дигар шоҳасарҳои эҷоднамудаашон  далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Саҳми Пешвои миллат дар амри истиқлоли фарҳангии тоҷикон хеле назаррас аст. Ба андешаи устоди зиндаёд, академик Муҳаммадҷони Шакурӣ, «фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст. Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфтанд, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд».

Таваҷҷуҳи доимӣ ба забони ноби модарӣ, адабиёту фарҳанг ва гиромидошти бузургони гузаштаи мо аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи фарҳангии Пешвои миллат ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Президенти мамлакат ба рушду тавсеаи забони тоҷикӣ ба сифати нахустунсури ҳастии миллат ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва муассир андешида шуданд. Мақому мартаба ва нуфузу эътибори забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар миқёси мамлакат боло рафт.

Бо мақсади бедор намудани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ҷашни Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни умумибашарӣ эътироф карда шуд. Ҳамчунин таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон барои худшиносии миллӣ, ҳамчунин шиносонидани ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихи тоҷикон аҳамияти ҷудогона дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки мустақими он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба Афғонистон, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва ғайра саҳми назаррас доранд.

Бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва «Солҳои 2018-2028 об барои рушди устувор» эълон гардиданд.

Мояи ифтихор ва сарфарозии мардуми ҷумҳурӣ аст, ки имсол низ дар арафаи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз як ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории Иҷлосияи 78, ки 13 августи  соли  2024 баргузор гардид, қатъномаи наве таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин даҳсола ташаббуси 6-уми ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст. Ин иқдоми наҷиби дигаре дар роҳи ҳалли масоили глобалии инсоният ва чи тавре борҳо навиштам, иқдоми навбатии Пешвои миллат дар роҳи наҷоти аҳли башар аст.  Қабули чунин ташаббуси муҳим дар шароити ҳозираи тағйирёбии иқлим, ки таъсири аз ҳама бештари он ба пиряхҳо мерасад, муҳим ва саривақтӣ буда, ҷомеаи ҷаҳонро ба пажуҳиши амиқу дақиқи  илмии қабати барфии  сайёра ва махсусан, пиряхҳо даъват менамояд.

Самти дигари фаъолияти авлавиятноки Пешвои миллат дар бунёдкорӣ ва ободонии Тоҷикистон таҷассум меёбад ва таваҷҷуҳи ҳамешагиашон ба ободкорию созандагӣ мардуми мамлакатро ба ояндаи неку дурахшон умедвор месозад. Шаҳру деҳаҳои Тоҷикистон воқеан симои худро дигар кардаанд. Садҳо иншооту корхона ва биноҳои фарҳангию маъмурӣ ва ҳазорон-ҳазор биноҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Бунёди биноҳои «Кохи Наврӯз», «Қасри миллат», «Китобхонаи миллӣ», «Наврӯзгоҳ», «Душанбе-Плаза», «Боғи Ирам», «Осорхонаи миллӣ», қасри «Оли Сомон», муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ҳоказо назиру собиқа надоранд.

Ин ҳама кӯшишу ғайрат ва азму талош барои бунёди Тоҷикистони шукуфову сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ баланд шудани сатҳи рӯзгору некӯаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Имрӯз, ки мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сиёсати созанда, бунёдкорона, хирадмандона ва дурбинонаи ин абармарди миллат кору зиндагӣ мекунанд ва бо Пешвои худ ифтихор доранд, бояд дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, Пешвои сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои созандаву бунёдкор муттаҳид бошанд, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба таври пайваста ба рушду нумуи ҷумҳурӣ равона шудааст, ҷонибдор ва пайрав бошанд ва истиқлоли давлатиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 30, 2024 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд