«ҲИММАТ БАЛАНД ДОР…». Сокини Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор барои 640 хонанда мактаб месозад
ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор Маҳмуд Сайфиддинов тасмим гирифтааст, ки ҳамроҳ бо фарзандонаш барои 640 хонандаи ин деҳа мактаби иборат аз 20 синфхонаро барои таҳсил дар ду баст сохта, туҳфа намояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Тӯда аз калонтарин деҳаҳои шаҳри Ҳисор буда, аҳолияш беш аз 7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Солҳои охир ҳудуди деҳа аз ҳисоби бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ дар шимолу ғарб васеъ гардида, фарзандон барои таҳсил беш аз 2 километр роҳро тай намуда, ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 мераванд. Бинобар, ин марди маорифпарвари деҳа Маҳмуд Сайфиддинов зарур донист, ки мактаби навро барои 640 хонанда сохта, ба фарзандони ин деҳа туҳфа намояд.
Иқдоми сокини деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо қобили дастгирӣ аст, зеро бунёди мактаб ва рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Чанде қабл иҷрокунандаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳоло сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 420 хонанда дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Ҳисор, барои 168 хонанда дар деҳаи Зиракӣ ва барои 168 хонанда дар деҳаи Тутака идома дорад.
Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ оғоз гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»






