Имрӯз ба ғолибони озмунҳои беҳтарин ролик ва беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе ҷоиза супорида мешавад

Август 27, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 27.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат маросими ҷоизасупории озмунҳои «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмунҳо бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба рушди сайёҳӣ, тарғиби зебоиҳои пойтахти мамлакат, муаррифии имконияту зарфияти сайёҳӣ, маконҳои таърихиву фарҳангии он ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардиданд.

Дар озмунҳо матнҳои тарғиботӣ ва роликҳои рекламавӣ таҳия гардида, эълонҳо вобаста ба баргузории онҳо тавассути воситаҳои  ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, АМИТ «Ховар», рӯзномаи «Паёми Душанбе», муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин саҳифаҳои иҷтимоии шуъбаи рушди сайёҳӣ дар Фейсбук, Инстаграм ва Телеграм ба таври васеъ инъикос карда шуданд.

Озмуни «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» дар ду номинатсия — шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ доир гардида, озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» дар як давр — даври шаҳрӣ ва дар як марҳила доир карда шуд.

АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Август 27, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид