Имрӯз дар баъзе минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад
ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 август бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Инчунин аз 8 то 10 август бинобар ҳарорати баланд дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 40+45 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 40+42 дараҷа гарм мешавад.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






