Имрӯз дар Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз шуд

Август 15, 2024 13:40

ДУШАНБЕ, 15.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Форум аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ба рушди  ҳамкорӣ дар оянда, мубодилаи афкор ва таҷрибаи ҷавонони фаъол, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли  масъалаҳои калидии сиёсати ҷавонон мусоидат менамояд.

Дар ифтитоҳи кори форум таъкид гардид, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат ҳамасола барои дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо стратегияҳо ва барномаҳои зиёди соҳавӣ қабул ва амалӣ мешаванд.

Аз ҷумла, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда барои тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва  муҳаббати онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ  мегардад.


Илова бар ин барои амалишавии 10 самти афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бармеояд, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ мешавад. Дар заминаи ин барнома аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон қабул ва татбиқ мегардад.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши наазди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода изҳор дошт, ки дар шароити равандҳои муосири сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷавонон ба манбаи стратегӣ табдил меёбанд, ки ин рушди на танҳо давлат, балки муносибатҳои байналмилалиро дар ояндаи дур муайян мекунад.

«Ҳамкории байнидавлатӣ метавонад на танҳо ба ноил шудан ба ҳадафҳои дар назди давлатҳо гузошта, балки ба самаранокии татбиқи барномаҳои миллӣ ва стратегияҳои рушд, аз ҷумла истифодаи неруи насли наврас низ таъсири назаррас расонад. Барои рушди ҳамаҷонибаи ҳар давлат неру, майлу эҷодкорӣ ва тафаккури навоваронаи ҷавононро истифода бурдан зарур аст», — гуфт Раиси Кумита.


Ҳамзамон Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва оилаи Ҷумҳурии Қазоқистон Кайрат Камбаров иброз дошт, ки форум имконияти мусоид барои мубодилаи таҷриба, барқарор кардани тамосҳои нав ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак буда, дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон қадами муҳим мебошад.

Ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои форум ба тақвияти ҳамкорӣ байни ташкилоти ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳияи стратегияҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти мубрами ҷавонони ду давлат равона шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон пагоҳ низ идома меёбад.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Август 15, 2024 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир шуд
Омӯзгори фанни таълими меҳнат аз Рашт Зубдахон Валиева: «Ҳунарамро дар мактаб ба шогирдон ва дар хона ба занон меомӯзонам»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфаро бе эътибор нагузоред!
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ақдҳои никоҳе, ки аз ҷониби дигар мақомот сабт шудаанд, қувваи қонунӣ надоранд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар конфронси сатҳи баланд дар Рим сухан гуфт
Саҳми таърихии тоҷикон дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни исломӣ. Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оғоз гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Дар 15 соли охир барои сокинони эҳтиёҷманди ноҳияи Лахш 172 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст»
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ифтитоҳ шуд