Имрӯз дар Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ оғоз мегардад

Август 30, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 30.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар чемпионат зиёда аз 200 варзишгар аз 63 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Паҳлавонон дар 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат мекунанд.

Фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари ИМА аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад.

Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии миллӣ – гӯштигирӣ 18 нафар – дар ҳар вазн дунафарӣ иштирок мекунанд. Шаҳбоз Саидаброров, Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг, Аҳмад Масъуд, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни 71 кг, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов дар вазни 78 кг, Умар Расулов, Ҳақназар Назаров дар вазни 86 кг, Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов дар вазни 95 кг, Шариф Назриев, Шакармамад Мирмамадов дар вазни +95 кг байни мардҳо ва Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан дар вазни 52 кг, Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова дар вазни 70 кг, Мавлуда Одинаева ва Сабрина Холова дар вазни +70 кг дар байни занҳо дар ин мусобиқа қувва меозмоянд.

Рамзи Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ бабри барфӣ интихоб гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 30, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд