Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад

Август 16, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 24+26 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.

Август 16, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Абдусалом Назаров дар боғаш 12 навъи зардолу парвариш менамояд
Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» 256 иншоот сохта мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Ховалинг бахшида ба фаъолияти эҷодии шоир Ҳабибулло Файзулло маҳфили адабӣ доир мешавад
Дар ноҳияи Данғара ду коргоҳи истеҳсоли оксиген ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Ҳар яки мо барои таҳкими ваҳдати сартосарӣ вазифадорем», — бардошт аз конференсия дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Бахшида ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дурахши ситораҳо: дар Суғд мусобиқаҳои футболи кӯдакона доир гардиданд
Дар «Шарора» басти якуми истироҳат барои хонандагони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт оғоз гардид
Кумитаи кор бо занон ва оила таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» конференсия доир менамояд