ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ КУМАКИ БАШАРДӮСТОНА. Он ба ақидаҳои бунёдии инсондӯстӣ, беғаразӣ, бетарафӣ ва озодӣ асос ёфтааст

Август 19, 2024 13:56

ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 август Рӯзи ҷаҳонии кумаки башардӯстона аст. Ин рӯз бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 11 декабри соли 2008 барои мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи талошҳои кумакҳои башардӯстона дар саросари ҷаҳон ва аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ дар расонидани онҳо эълон гардидааст. Рӯзи ҷаҳонии кумаки башардӯстона ҳамзамон ба гиромидошти хотираи қурбониён-кормандони  Созмони Милали Муттаҳид дар Ироқ рабт дорад. 19 августи соли 2003 дар Бағдод ҳангоми  амалиёти террористӣ  таркиш рух дод, ки бар асари он  22 нафар, аз ҷумла Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Серҷио Виейра де Меллу ҳалок шуданд.  Инчунин Рӯзи ҷаҳонии кумакҳои башардӯстона ба онҳое иртибот дорад, ки зимни иҷрои  вазифа ва супоридани кумакҳои башардӯстона ба миллионҳо одамон ҳалок шудаанд.

Ин рӯз ҳамчунин зарурати идомаи кумаки башардӯстона дар саросари ҷаҳон, хусусан дар нуқтаҳои даргири сайёра, кишварҳои фақир ва давлатҳое, ки аз ҳодисаҳои нохуши табиӣ зарар дидаанд ва аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ барои расонидани онро таъкид мекунад.

Тибқи иттилои Созмони Милали Муттаҳид,  дар Рӯзи ҷаҳонии кумакҳои  башардӯстона Бунёди Серҷио Виейра де Меллу аз соли 2010 инҷониб ҳамасола ба номи ӯ ҷоиза тақдим мекунад. Бо ин ҷоиза шахсони алоҳида, созмонҳо ва ҷамъиятҳо барои саҳми бориз дар ҳалли осоиштаи муноқишаҳо мукофотонида мешаванд.

Кумаки башардӯстона ба ақидаҳои бунёдии инсондӯстӣ, беғаразӣ, бетарафӣ ва озодӣ асос ёфтааст. Ҳар сол Рӯзи кумаки башардӯстона ба мавзуи мушаххас бахшида шуда, шарикони тамоми созмонҳои башардӯстонаро муттаҳид мекунад, то барои зинда мондан, некӯаҳволӣ ва шаъну шарафи одамони аз буҳронҳо зарардида дар тамоми манотиқи дунё, инчунин бехатарӣ ва ҳифзи кормандони соҳаи башардӯстона талош намоянд.

Кормандони созмонҳои  башардӯстона  ба ҷуз аз наҷоту ҳифзи ҷони  одамон ва расонидани маводи зарурӣ ҳадафи дигар надоранд. Онҳо паҳлу  ба паҳлу истода, ба нафароне  хизмат мекунанд, ки  дар минтақаҳои  даргир ё доғи сайёра ва дар минтақаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида қарор доранд. Новобаста аз хатар ё мушкилиҳо кормандони кумакҳои башардӯстона ба минтақаҳои офатзада ва хати пеши муноқишаҳо барои наҷот ва ҳифзи одамони ниёзманд сафар мекунанд. Рисолати кормандони соҳаи башардӯстона наҷот ва ҳифзи ҳаёти одамонро фаро мегирад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 19, 2024 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад