Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев дар барномаи консертии бошукуҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон

Август 22, 2024 19:27

ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар толори Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев консерти дилнишини ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи ду давлат дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод ба нафъи кишварҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон пайваста инкишоф меёбанд.

Барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони Қазоқистон пешкаши меҳмонон карда шуд, ки бисёр хотирнишин ва таҷассумгари дӯстии мардумони ду кишвар буд.

Барномаи консертии устодони санъати Қазоқистон бо хушнудӣ ва кафкӯбиҳои пурмавҷ пазируфта шуд.

Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ва дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо ва рӯзҳои синамои Қазоқистон баргузор мешаванд.

Ҳамчунин 21 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки вазирони фарҳанги ду кишвар нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбаев кушода шуд.

Иштирок дар барномаи консертии бошукуҳи ифтитоҳи рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон 22.08.2024

Август 22, 2024 19:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода якчанд иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд
Барқияи шодбошии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон