Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Август 29, 2024 17:36

ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст дар бораи Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки стратегия ҳадаф, вазифа ва афзалиятҳои ошкорсозии бармаҳали бемориҳо, паст кардани сатҳи беморшавӣ, коҳиш додани фавти бармаҳал ва маъюбият аз бемориҳои ғайрисироятӣ ва беҳтар намудани сифати ҳаётро муайян менамояд.

Самтҳои асосии татбиқи стратегия амалисозии чорабиниҳо, аз қабили тарғиби принсипҳои тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ дар байни аҳолӣ мебошад.

Баъди баррасии масъалаи мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии стратегия, андешидани тадбирҳои зарурӣ ва пешниҳод кардани ҳисобот аз рафти иҷрои корҳо дастуру супоришҳо доданд.

Сипас, Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 қабул шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳадафи барномаи мазкур таъмини бехатарии мусофирон, ҳайати парвозӣ, кормандони рӯйзаминӣ, ҳифзи иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар идомаи кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)” муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Доир ба таъсиси Муассисаи давлатии “Маркази миллӣ оид ба амалинамоии Созишномаи Париж” ва дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандони камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи саривақтии стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳо ба масъулин супоришҳо доданд.

Дастуру ҳидоятҳо ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба оғози соли нави хониш ва омодагии ҷиддӣ ба мавсими зимистон дода шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир гардид.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08.2024

Август 29, 2024 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон