МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Дар ин мавзуъ дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиш доир шуд

Август 29, 2024 16:43

ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзуи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон — пояи соҳибдавлатӣ ва ватандӯстӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» ҳамоиш доир гардид, ки дар он мутахассисони соҳа, олимон, коршиносон ва магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.

Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих Карамалишо Карамалишоев иброз намуд, ки «Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмати миллати тоҷик давоми қарнҳои зиёд ба шумор рафта, барои тоҷикони ҷаҳон мояи ифтихору сарфарозӣ ва сарманшаи ватанпарастиву ватандӯстӣ мебошад. Маҳз Истиқлоли давлатӣ халқи парешони тоҷикро ба ҳам оварда, дар пешрафту шукуфоӣ ва рушду такомули пояҳои давлатдории миллӣ замина гузошт».

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандӯстӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ, соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

Чунин ҳамоишҳо бо мақсади ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ, эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва гиромидошти таъриху тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ташкил мешаванд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2024 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд