Масъалаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Кӯлоби Тоҷикистон ва Ҳамадонии Эрон баррасӣ гардид

Август 19, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон  Низомиддин Зоҳидӣ  дар вилояти Ҳамадони Эрон бо раиси вилоят Алиризо Қосимӣ Фарзод мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон зарурати фаъол гардонидани робитаҳои гуногунҷанба байни вилоятҳои ду мамлакат, аз ҷумла Хатлони Тоҷикистон ва Ҳамадонии Эронро таъкид намуданд.

Алиризо Қосимӣ Фарзод зарфият ва тавонмандиҳои вилояти Ҳамадонро дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, металлургия, тиб, фарҳанг ва сайёҳӣ таъкид карда, омодагии фаъолони иқтисодии вилоятро барои табодули таҷриба байни мутахассисон, баргузории чорабиниҳои муштараки иқтисодиву тиҷоратӣ ва густариши ҳамкории дуҷониба изҳор намуд.

Зимни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои фаъол намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Ҳамадон ва Кӯлоб баррасӣ гардида, шахсияти ориф ва мутафаккири бузург Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ба унвони ҳалқаи пайванди ин ду шаҳри бостонӣ таъкид гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 19, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд