Машварати омӯзишиии PISA барои 1206 омӯзгори муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд

Август 24, 2024 17:10

ДУШАНБЕ, 24.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 23 август дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф машварати омӯзишиии PISA барои 1206 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хабар доданд.

Таъкид шуд, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили маҳорати касбии омӯзгорон беандоза буда, ба ин бахши таҳсил ва нақши он дар беҳтар намудани сифати таҳсил эътибори хосса зоҳир мегардад.

Маълум аст, ки соли 2025 дар ҷумҳурии мо арзёбии таҳсили дастоварди хонандагон PISA баргузор мегардад, ки дар он муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе иштирок менамоянд. Натиҷаи ин арзёбӣ аз фаъолияти ҳар омӯзгор вобаста аст.

Машғулияти омӯзишӣ аз 29 июни имсол оғоз гардида, дар се марҳила барои 1206 омӯзгори шаҳри Душанбе дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи таълимии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Донишкада баргузор гардиданд. Барои баргузории машғулият 15 тренери сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон омада, дар якҷоягӣ бо омӯзгорони Донишкада ва филиалҳо давоми 21 рӯз дарс гузарониданд.

Аз ҷониби роҳбари Лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Штефан Зеверт доир ба раванди баргузории машғулият, фаъолияти тренерон ва саҳми роҳбарияти Донишкада дар ташкили омӯзишҳо изҳори назар карда шуда, ба он  баҳои баланд дода шуд. Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар марҳилаи рушд қарор дорад.

АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

Август 24, 2024 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»