МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Оби хуч асабро ором ва ҷисми инсонро пурқувват менамояд

Август 18, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 18.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Фасли тобистон ва гармои шадид одамонро водор менамояд, ки бештар об ва дигар нӯшокиҳои ташнагишикан нӯшанд. Ба ин нӯшокиҳо об, чой, шарбат ва афшураи меваҳо, обҷӯши меваҳои хушк ва ғайра дохил мешаванд.

Аксари табибон ба маризон ба ҷойи чой, оби хуч нӯшиданро тавсия медиҳанд. Ин, албатта, бесабаб нест. Хуч саршор аз витаминҳо ва моддаҳои дигари муфид буда, ба саломатии инсон фоидаи зиёд дорад.

Имрӯз чанд тавсияи мутахассисон дар бораи манфиатҳои хуч манзур мешавад.

1. Хуч манбаи ликопин ва витаминҳои А, В, Е, К мебошад, ҳамчунин дар таркибаш оҳан, магний ва дигар моддаҳои минералии фоиданок дошта, нӯшиданаш бениҳоят муфид аст. Оби хуч асабро ором ва ҷисми инсонро пурқувват намуда, ба барқароршавии ҳуҷайраҳо мусоидат менамояд. Таҳқиқоти олимон собит намудаанд, ки дар таркиби хуч нисбат ба лимӯ, мандарин ва афлесун 60 маротиба бештар витамини С вуҷуд дорад. Ин витамин иммунитети инсонро пурқувват гардонида, ба мубориза бар зидди вирусу микроб ва бемориҳои сироятӣ тобовар месозад.

2. Фоидаи дигари хуч он аст, ки ба ҳазми ғизо ёрӣ мерасонад. Дар таркиби оби хуч пектин мавҷуд буда, рӯдаҳоро ба хуб кор кардан водор месозад. Шахсоне, ки пайваста оби хуч менӯшанд, аз сахт шудани дарун (қабзият) азият намекашанд, бар замми ин, хуч дар мубориза бо кирми рӯда ва дигар бактериву микробҳое, ки ба системаи ҳозима ворид мешаванд, ёрӣ мерасонад.

3. Боз як сабаби дигаре, ки инсонро ба нӯшидани оби хуч водор месозад, хоҳиши солим мондани дил аст. Оби хуч дар мубориза бо бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он ёрӣ мерасонад ва бар замми ин, сатҳи холестеринро дар хун паст мекунад. Хуч дар таркибаш витамини К дошта, ба лахташавии хун мусоидат менамояд. Аммо зиёд нӯшидани оби хуч ба шахсоне, ки аз тромбози рагҳои хунгард ва тромбофлебит азият мекашанд, тавсия дода намешавад.

4. Дар таркиби хуч антиоксидантҳои бисёр қавӣ мавҷуд буда, тавассути ҳамин хусусияташ бо радикалҳои озод фаъолона мубориза мебарад. Пайваста оби хуч нӯшидан хатари ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шуданро ба маротиб кам мекунад.

5. Хуч манбаи витамини А буда, пӯсти инсонро нафис, зебо ва пуртароват мегардонад. Тез-тез оби хуч нӯшидан касро аз пирии бармаҳал эмин дошта, ба чеҳрааш ҷавонию зебоӣ мебахшад. Исбот шудааст, ки пайваста оби хуч нӯшидан коллагенро зиёд намуда, барои халосӣ аз доначаҳо, доғҳои пӯст ва офтобсӯхтагӣ ёрӣ мерасонад. Хоҳед, ки захмҳои шумо зудтар шифо ёбанд, бештар оби хуч бинӯшед.

6. Имрӯзҳо бо сабаби норасоии оҳан аксари одамон, махсусан занҳо ва кӯдакон ба бемории камхунӣ гирифтор мешаванд. Роҳи аз ҳама осони халосӣ аз ин мушкил бештар оби хуч нӯшидан аст. Хуч ба ҷисми инсон барои аз худ намудани оҳан ёрӣ мерасонад.

7. Таҳқиқоти гузаронидаи олимони соҳаи тиб исбот намуд, ки хуч дар мубориза бо бемориҳои илтиҳобӣ давои беҳтарин аст. Оби хуч ҳамчунин намакро аз организми инсон мебарорад. Касоне, ки сутунмӯҳра ё пойҳояшон намак дорад, бояд бештар оби хуч нӯшанд. Хуч ба гирифторони бемориҳои артрит ва остеоартрит низ фоида дорад.

8. Шарбати хуч дар таркибаш ликопин дорад. Ин модда махсусан барои саломатии чашмони инсон фоиданок мебошад. Исбот шудааст, ки хуч хатари ба бемории катаракта ва дигар касалиҳои чашм гирифтор шуданро кам месозад. Шахсоне, ки ба иллатҳои чашм гирифтор ҳастанд, агар бештар оби хуч бинӯшанд, шиддати бемориашон паст шуда, ҳолашон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 18, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст