НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 34 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ширкатҳои сайёҳӣ таъсис наёфтаанд

Август 6, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳарчанд шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар мамлакат сол то сол зиёд мегардад, аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 34 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳанӯз ҳам ширкатҳои сайёҳӣ таъсис наёфтаанд, ки ин боиси нигаронӣ аст. Дар ин хусус Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод 5 август дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.

«Новобаста аз он ки шумораи субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ зиёд мегардад, вале ин барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ҳанӯз кифоя нест. Барои ҷалби сармоя, бахусус дар минтақаҳо бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шавад»,- иброз дошт Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Камолиддин Муминзод гуфт, ки барои беҳтар гардонидани кори ширкатҳои сайёҳӣ мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар рушди сайёҳии дохилӣ саҳми назаррас гузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2024 338 субъекти хизматрасони сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта шуд, ки инҳо 209 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагери солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ мебошанд. Шумораи миёнаи кормандони ин субъектҳои хизматрасон 4051 нафар мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 6, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд
Дар Женева масъалаи кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад