НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати адлия платформаи нави Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 09.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло бо дастгирии шарикони рушд платформаи нави Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ омода мешавад, ки ба шаҳрвандон имконият медиҳад аз хизматрасонии давлатӣ ба таври фосилавӣ — онлайнӣ истифода кунанд. Яъне, аризаву дархостҳоро барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ ба тариқи онлайн ирсол намоянд. Дар ин хусус 8 июл зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи мамлакат Музаффар Ашуриён иттилоъ дод.
Ба таъкиди вазир, дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияи рақамӣ масъалаи пайваст ва ҳамгироии минбаъдаи платформаи нави Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба низоми пардохтҳои миллии пулии ҳушманд коркард шуда истодааст. Платформаи нав имконият медиҳад, ки бо вазорату идораҳо дар реҷаи онлайнӣ додугирифти маълумот анҷом дода шавад.
Шуруъ аз 10 июли соли 2024 дар ягон нуқтае, ки хизматрасонии давлатӣ аз ҷониби Вазорати адлия амалӣ мешавад, дигар ҳисоббаробаркунии нақдӣ вуҷуд надорад. Ҳама хизматрасониҳо ба тариқи ғайринақдӣ тавассути низоми пардохти ҳушманд «smart pay» амалӣ карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар тамоми сохторҳои Вазорати адлия барои амалисозии низоми ҳушманд аллакай таҷҳизоти зарурӣ пайваст гардидаанд. Соли 2023 агар 19 пос-терминал хизмат мерасонид, ҳоло ин шумора ба 161 адад расидааст.
Музаффар Ашуриён изҳор намуд, ки аз соли 2020 инҷониб коргузорӣ дар мақомоти Сабти асноди шаҳрвандӣ тавассути низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, ҳама сабтҳо тариқи рақамӣ тартиб дода мешаванд. «Мо ин корро пайгирӣ менамоем ва ин яке аз масъалаҳои рӯзмарраи имрӯзаи самти фаъолияти вазорат аст. Мо кӯшиш мекунем, ки то муҳлати муайяншуда чорабиниҳоро амалӣ намоем»,-афзуд Музаффар Ашуриён.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо дастгирии шарикони рушд то охири соли 2025 бояд ҳадди ақалл 1 миллиону 350 ҳазор сабти бойгонӣ ба шакли рақамӣ гузаронида шавад, ки ҳоло ин рақам ба 200 ҳазор расидааст.
Ба иттилои вазир, аз соли 1935 дар бойгонӣ маълумот вуҷуд дорад, ки бояд ҳамаи он ба шакли рақамӣ гузаронида шавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






