ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Хатмкардагони мактабҳои шаҳри Турсунзода дар таъмири муассисаи таълимӣ саҳм мегузоранд
ДУШАНБЕ, 11.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии хатмкардагони солҳои пешини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 14-и ҷамоати 10-солагии Истиқлолият таъмири синфхонаҳои мактаб идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Дар муассисаи таълимӣ дару тирезаҳои замонавӣ насб шуда, синфхонаҳо бо тахтаи синф, мизу курсиҳои нав таъмин гардиданд.
Масъулин ва сокинон иқдом гирифтаанд, ки намои берунии муассисаро низ навсозӣ намуда, онро бо сифати баланд рангу бор намоянд. Бо ин мақсад фаъолони деҳот ва устоҳои маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, корҳои таъмиру барқарорсозӣ босуръат идома доранд.
Мақсади асосии амалӣ намудани чунин иқдоми неку шоиста- фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас аст. Он аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сарчашма мегирад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид






