ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Роҳи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфарш мегардад
ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 августи соли равон бо саҳмгузории сокинону соҳибкорон мумфаршкунии кӯчаи ба номи Охунҷон Каримови Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Мумфаршкунии роҳи мазкур бо фармоиши сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ шуда, дарозии он 2 км ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, барои иҷрои кор зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ сарф мегардад.
Раиси вилоят зимни суҳбат иқдому ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат дониста, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми деҳаҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои ободониву мумфаршкунии роҳҳо идома дошта, дар давоми 8 моҳи соли равон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз 2,5 км роҳ, аз ҷумла, кӯчаҳои ба номи Қобилшех Содиров 750 метр, Тоҷикистон 670 метр, Баҳор 230 метр ва ба номи Маннон Латифов 400 метр мумфарш карда шудааст.
Сокинон изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






