Охири соли 2024 дар хатсайри Душанбе-Лондон парвозҳои мустақим ифтитоҳ меёбанд

Август 16, 2024 18:02

ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 август гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Директори Департаменти коммуникатсия, стратегия ва сиёсат, Директори Департаменти ҳамкории байналмилалии Агентии авиатсияи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тим Ҷонсон ва муовини Сардори хадамот оид ба музокироти байналмилалӣ дар самти авиатсияи Вазорати нақлиёти Подшоҳии Муттаҳида Ҷефф Беван вохӯриҳо анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯриҳо масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе-Лондон баррасӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ифтитоҳи парвозҳо дар ин самт охири сол ба нақша гирифта шудааст.


Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта  дар шаҳри Лондон байни намояндагони соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мулоқот баргузор шуд. Зимни он масъалаҳои вобаста ба рушди алоқаи ҳавоӣ, аз ҷумла ифтитоҳи парвозҳои мустақим  дар хатсайри Душанбе – Лондон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

24 июл зимни нишасти матбуотӣ дар ҷавоб ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки барои ифтитоҳи хатсайри мустақим байни Душанбе ва Лондон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Интизор меравад, ки баъди ба мувофиқа расидани ҷонибҳо парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Лондон ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон –«Сомон Эйр» ва аз ҷониби Британияи Кабир ширкати ҳавопаймоии «British Airways» анҷом диҳанд.

Баргузории чунин вохӯриҳо дар рушди соҳаи авиатсияи граждании давлатҳо нақши муассир гузошта, ба афзоиши хатсайрҳои ҳавоии байналмилалӣ ва интиқоли бору мусофирон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 16, 2024 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд