Ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба се нафар ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 мукофоти пулӣ ба маблағи 10 000 доллари ИМА супорида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Инчунин ба се ҷоизадори Бозиҳои олимпии Париж-2024 Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев унвони Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Ба мураббиёни ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Ҳамзамон ҳамаи 14 нафар варзишгароне, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 муаррифӣ намуданд, бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.
Зимни ҳамоиш инчунин собиқадорони варзиш, мураббиён ва варзишгарони шинохтаи мамлакат бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа иброз дошт, ки соҳаи варзиш зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ҳамасола заҳмату талош ва меҳнатҳои масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарони мамлакат қадрдонӣ мешаванд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо аз таҳкими саломатии инсон иборат нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 14 август ба се ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ — Давлат Болтаев, Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов калиди хонаҳо тақдим гардид, ки дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳар ҷоизадори Бозиҳои олимпии Париж-2024 соҳиби мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф, дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ — Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АКС: АМИТ «Ховар»























Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






