ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Дар деҳаи «Иттифоқ»-и ноҳияи Фархор бинои иловагии мактаби №14 ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи «Иттифоқ»-и ноҳияи Фархор бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи №14 мавриди истифода қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шуда, фармоишгари он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо» мебошад.
Сохтмони бинои мазкур соли 2023 оғоз шуда, он аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум кабинети физика, биография, химия, маркази таълимии инкишофи кӯдак ва 1 синфхона ва дар қабати дуюм утоқи кории директори муассиса, синфхонаи компютерӣ, хонаи омӯзгорон ва 4 адад синфхона ҷойгир шудаанд.
Дар атрои бинои нав иншооти хизматрасонӣ ва анбор барои гармидиҳӣ аз тарафи пудратчии сохтмон ҶДММ «Биносоз-2015» сохта шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор








Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд






