Пагоҳ дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар мамлакат 18 август Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мешавад. Ин сана ба рӯзи тавлиди олим, файласуф, табиби ҳозиқи ҷаҳон, шоири классики адабиёти тоҷику форс Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино рабт дорад. Айни замон дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон 21 616 нафар табиб ва 62 485 нафар корманди миёнаи тиббӣ фаъолият доранд, ки ин шумора нисбат ба соли 2023 2,1 ва 1,8 фоиз зиёд мебошад.
Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи омори пешакӣ, банд будани воҳидҳои кории табибон 91,4 ва кормандони миёнаи тиббӣ 99,0 фисадро ташкил дода, нисбат ба соли 2023 тахминан 3,5 ва 1,4 фоиз зиёд мебошад.
Барои баланд гардидани малакаи касбии табибон дар шашмоҳаи якуми соли равон 1167 нафар табибон ва 2347 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2023 мутаносибан табибон 180 нафар зиёд ва кормандони миёнаи тиббӣ 1029 нафар кам мебошанд.
Баъди хатми муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хатмкунандагон барои фаъолият намудан ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳхат дода мешаванд. Теъдоди ба ҷои кор ҳозиршудагони гурӯҳҳои буҷавии коллеҷҳои тиббии давлатӣ дар солҳои 2022-2023 дар умум 67,5 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023 4,9 фисад зиёд мебошад.
Дар айни замон аз ҷониби муассисаҳои таълимию илмии вазорат 46 лоиҳаи илмию таҳқиқотӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 16 адад зиёд мебошад.
Дар ҷумҳурӣ 37 коллеҷи тиббӣ, аз ҷумла 16 коллеҷи тиббии давлатӣ ва 21 коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ фаъолият доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






