ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Ҳисор 5 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

Август 1, 2024 18:18

ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳри Ҳисор имсол 5 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа қариб 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Дар ин хусус ба намояндагони воситаҳои ахбори омма 1 август иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар шашмоҳаи аввали имсол иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар ин давра дар Ҷамоати деҳоти Дурбат 1 корхонаи таъмири трансфарматорҳо, дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ва Сомон ду корхонаи истеҳсоли шифери асбестӣ, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода корхонаи истеҳсоли хишти сабук ва дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор корхонаи пахтатозакунӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ин корхонаҳо на танҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, балки ба рушди саноат, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ, коҳиш додани маҳсулоти воридотӣ мусоидат менамоянд.

Таъкид гардид, ки ҳоло корҳо дар самти таъсиси минтақаи саноатӣ, ки бояд тибқи нақшаи генералии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат дар 12 гектар ташкил шавад, идома доранд.

Бо натиҷагирӣ аз рушди соҳаи саноати шаҳр иҷрокунандаи Раиси шаҳри Ҳисор иброз намуд, ки дар 89 корхонае, ки дар шаҳри Ҳисор фаъолият дорад, суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ беш аз 102 фоизро ташкил дода, аз ҳисоби саноати коркард беш аз 101 фоиз, тақсимоти неруи барқ 94,7 фоиз ба амал омада, рушди саноати истихроҷи маъдан 121,2 фоизро ташкил дод.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Август 1, 2024 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод
Масоили таъсиси корхонаи истеҳсоли триоксиди сурма дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо шаҳри Чонгчини Чин густариш медиҳад
Дар Шанхай масъалаи таъсиси кластери саноатии металлҳои ранга дар вилояти Суғд баррасӣ шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
Дар Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Бунёди «Комбинати металлургии Тоҷик» рамзи иқтидори рӯзафзуни иқтисодии мамлакат аст»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро ба сармоягузорӣ дар истеҳсолот ва коркарди ашёи хоми ватанӣ даъват намуданд