Президенти Тоҷикистон: «Гӯштингирӣ намуди суннатии варзиши мардуми тоҷик буда, таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад»

Август 30, 2024 17:20

ДУШАНБЕ, 30.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки гӯштингирӣ намуди суннатии варзиши мардуми тоҷик маҳсуб шуда, таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, дар масири таърихи тӯлонии миллати мо навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштингирӣ дар байни мардуми фарҳангсолори тоҷик маҳбубияти зиёд дошта, дар баробари тақвият бахшидани қувваи ҷисмонӣ барои наврасону ҷавонон ҳамчун василаи тарбияи хислатҳои наҷиби инсонӣ хизмат кардааст.

«Тавре, ки аз куҳантарин осори адабии тоҷикон бармеояд, мардуми мо аз замонҳои хеле қадим барои таъмини тарзи ҳаёти солим, такмили ҷасорати ҷавонону наврасон, ҳифзи Ватан ва марзу буми он аз ин навъи варзиши миллӣ истифода мекарданд ва ин анъана имрӯз низ идома дорад», — изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки аз давраҳои хеле қадим то имрӯз побарҷо будани намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштингирӣ далели соҳибфарҳанг будани миллати тоҷик, рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ оғоз гардида, то 31 август идома меёбад.

Дар чемпионат зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Паҳлавонон дар 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат мекунанд.

Фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари ИМА аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибони ҷойи якум 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Август 30, 2024 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд