РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба он дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 10 август дар Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон муқаррар шудааст. Бо ин мақсад дар Боғи Ғалабаи ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад.
Раиси ноҳия Бахтиёр Шарифӣ бо намоишгоҳи дастовардҳои варзишгарони ноҳия шинос шуда, барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи варзишии ноҳия ба варзишгарон маслиҳатҳои муфид дод. Иброз гардид, ки Рӯзи варзишгарони мамлакат дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки имрӯзҳо тамоми варзишгарону мухлисони соҳаи варзиши ҷаҳон аз баргузории Бозиҳои олимпии Париж-2024, ки аз рӯйи 32 намуди варзиш идома дорад, истиқбол менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки варзишгарони муваффақи ноҳия имсол аз мусобиқаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби 42 медал, аз ҷумла 11 медали тилло, 6 медали нуқра ва 25 медали биринҷӣ гардиданд, ки ба ин васила шарафи варзиши ноҳияро дар ин мусобиқаҳо муаррифӣ намудаанд.
Бо мақсади мубодилаи таҷриба зиёда аз 50 навраси мактаби варзишии махсуси футбол аз 5 то 10 июли имсол дар Ҷумҳурии Узбекистон дар 14 мусобиқаи футбол иштирок намуда, дар ҳамаи мусобиқаҳо ғолиб гардиданд.
Дар идомаи ҳамоиши тантанавӣ мусобиқаҳои варзишие, ки ба ифтихори Рӯзи варзишгарон дар ноҳия идома доштанд, ҷамъбаст ва ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин ба варзишгароне, ки дар ин давра дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд бардоштанд, дар фазои тантанавӣ сипосномаҳои Раиси ноҳия ва туҳфаҳо тақдим шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






