Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд

Август 23, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ, пеш аз ҳама, дар фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Ахдномаи амнияти дастҷамъӣ ҳамкории хуб ва муносибатҳои самимию дӯстона ба роҳ монда шудааст.

Маҳмадтоир Зокирзода баён дошт, ки «мо тарафдори ҳамкории фаъоли мақомоти қонунгузории ду давлат ҳастем. Мубодилаи сафарҳо дар сатҳҳои гуногун, иштирок дар чорабиниҳои гуногун, инчунин муколамаи ошкоро оид ба масъалаҳои доғи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба мо имкон медиҳад, ки робитаҳои байнипарлумонӣ таҳким ёбанд».

Иброз гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаи таъмиқи ҳамкорӣ бо Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории дуҷониба  баррасӣ гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 23, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд