Ширкати миллии «Сиёма» дар озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2023» соҳиби ҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати миллии «Сиёма» дар озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2023», ки аз рӯйи 15 номинатсия доир гардид, дар бахши саноат соҳиби ҷои аввал шуда, роҳбари он Толибҷон Маҷидов барои иштироки фаъолона дар озмун бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» ба истифода дода шуд.
Инак аз фаъолияти ширкати миллии «Сиёма» панҷ сол сипарӣ гардид. Ширкат дар муддати кӯтоҳ тавонист мавқеяшро дар бозори фурӯши дохил ва хориҷи мамлакат аз ҷиҳати сифат бо ҳайати кормандонаш ишғол намояд. Бояд гуфт, ки об барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз дарёи Сиёма, ки 55 километр дуртар аз пойтахти мамлакат қарор дорад, дастрас карда мешавад.
Ин об дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон дохил карда шуд.
АКС: ширкати «Сиёма»