ОБИ «СИЁМА» — ДАР ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН ОБҲОИ ҶАҲОН! Тоҷикистон чун бренди миллӣ онро ба давлатҳои арабӣ ва Аврупо содирот менамояд

Май 16, 2019 10:31

ДУШАНБЕ, 16.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Оби нӯшокии  дарёи Сиёма, ки ояндаи наздик истеҳсоли он ва пешниҳоди он  дар зарфҳои гуногунҳаҷми шишагин  дар Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад,  ҳамчун бренди миллӣ эътироф гардида, ба давлатҳои арабӣ ва Аврупо  содирот   хоҳад гардид. Лоиҳаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Авесто Групп” ҷиҳати бунёди Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани  “Сиёма”  26 апрели соли равон ба имзо расид. Лоиҳаи мазкур дар ду давра амалӣ гардида, ҳаҷми умумии маблағи он 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли гузашта,  дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аз ҷониби  Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»эълон гардидани солҳои 2018-2028, ки пешниҳоди роҳбарияти олии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,  ба  бунёди корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»  дар шаҳри Душанбе санги асос гузошта буданд.  Пешвои миллат дар маросими гузоштани санги асоси корхонаи  истеҳсоли обҳои ташнагишикан  зикр  намуданд, ки  «лоиҳаи «Сиёма» аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ манфиатовар буда, тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва санитария икдоми басо саривақтӣ мебошад».

Лоиҳаи бунёди  Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма» яке аз иқдомҳои наҷиб  дар роҳи беҳтар намудани таъминоти аҳолии мамлакат бо оби ошомидании аз лиҳози экологӣ тоза ва шифобахш ба ҳисоб меравад.

Оби Сиёма чӣ гуна об аст ва корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботӣ, ки имрӯзҳо бунёди он аз ҷониби ширкати  «Авесто Гурӯҳ» дар шаҳри  Душанбе идома дорад, кай ба истифода  дода мешавад? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА  бо директори иҷроияи ширкати «Авесто Гурӯҳ»  Зафар БУРҲОНЗОДА суҳбат анҷом дод.

Бунёди корхона-мусоидат ба рушди босуръати саноатикунонии мамлакат

АМИТ «Ховар»: Чанде қабл    байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»  созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид.  Лутфан бигӯед, ки  ҳадафи асосии санади мазкур аз чӣ иборат аст ва дар самти саноатикунонии мамлакат чӣ нақш мегузорад?

Зафар Бурҳонзода:    Ҳадафи имзои санади мазкур ба он рабт дорад, ки  сармоягузории дохилию хориҷӣ бояд кафолати худро доро бошад  ва дар баробари ин барои татбиқи пурраи  лоиҳа иқдоми пешгирифта  ҷиҳати анҷом додани ниятҳои нек-  самтҳои стратегие,  ки Пешвои муаззами миллат муайян кардаанд, аз ҷумла саноатикунонии кишвар мутобиқ мебошад. Дар маҷмӯъ татбиқи лоиҳа бо мақсади амалӣ намудани  яке аз чор  ҳадафи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-  саноатикунонии мамлакат, ки аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чорум эълон гардидааст, равона шудааст. Лоиҳа дар ду марҳила татбиқ гардида, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Маблағгузории асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ, сохтмони корхона, харидории техника ва технологияи зарурии истеҳсолӣ, сохтмони инфрасохтори зарурӣ аз ҷониби «Авесто Гурӯҳ» анҷом дода мешавад. Зимни татбиқи лоиҳа талаботи сохтмонӣ, бехатарӣ ва экологии кишвар аз тарафи сармоягузор пурра риоя мегардад.

АМИТ «Ховар»: Корҳои сохтмонӣ дар корхона дар кадом  сатҳ ҷараён доранд?

Зафар Бурҳонзода: Корҳои сохтмонӣ дар иншоот  бо суръати баланд  идома дошта, дар марҳилаи ниҳоӣ қарор доранд.  Тӯли як моҳ аст, ки васлу насбу хатҳои истеҳсолӣ,  дастгоҳҳо аз ҷониби мутахассисони кишварҳои хориҷӣ,  ки дар онҳо дастгоҳу таҷҳизот тавлид гардидаанд,  назири  Италия,  Франсия,  Полша, Германия  идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки 15 нафар мутахассисони варзида  аз  панҷ давлати Аврупо дар васлу насби  хати истеҳсоли  корхона, ки асосан  аз ширкати бонуфузи франсузии «Сидел» аст, фаъолият доранд. Роҳбарияти  ширкат саъй дорад, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат фаъолияти истеҳсолии корхона ба роҳ монда шавад. Тибқи нақша  ва тасмимҳое, ки бо назардошти дастуру супоришҳои  Пешвои миллат гирифта шудаанд, интизор меравад моҳҳои наздик корхона ба кор дароварда шавад.

АМИТ «Ховар»: Бо ба  кор даромадани корхона чанд нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд?

Зафар Бурҳонзода: Тибқи нақша  дар мавриди ба истифода додани корхона беш аз 50 нафар коргарони маҳаллӣ  бо ҷойи кори доимӣ, ки дорои  тамоми шароити мусоид ва имкониятҳое, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯст, инчунин бо маоши баланд таъмин мегарданд.

АМИТ «Ховар»: Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол чӣ қадар аст?

Зафар Бурҳонзода: Иқтидори истеҳсолии  корхона дар самти истеҳсоли обҳои нӯшокӣ бо зарфҳои шишагин  беш аз  2,4  миллион литр дар як сол буда, обе, ки дар зарфҳои пластикӣ ҷой карда мешавад, тақрибан 13 миллион литрро ташкил медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Оё маҳсулоти  корхона ба хориҷа содирот мегардад?

Зафар Бурҳонзода: Бале, мақсад на танҳо таъмини бозори дохилии кишвар бо  маҳсулоти истеҳсоли  ватанӣ  аст, балки бо такя ба ҳадафҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст,  яъне  ба тасвиб расонидани Барномаи давлатии содирот ва мусоидат ба истеҳсоли маҳсулоти  воридотивазкунанда саъй дорем, ки барои дар оянда содирот намудани маҳсулоти худ  тадбирҳои амалӣ андешем. Якчанд намуд маҳсулоти   истеҳсолнамудаи корхона, аз ҷумла обҳои нӯшокӣ бори аввал  дар зарфҳои шишагин истеҳсол мегарданд. Мақсад аз истеҳсоли обҳои нӯшокӣ дар зарфҳои шишагин мутобиқ намудани истеҳсолот ба стандарти байналмилалӣ  аст, яъне Тоҷикистон  бо пешрафти иқтисодиёти худ метавонад дар бозори дохилӣ,  минтақавӣ ва байналмилалӣ бо маҳсулоти аз лиҳози табиӣ  тоза баромад намояд ва муаррифи   маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бошад. Обҳои нӯшокии дар зарфҳои шишагин ҷойдодашуда барои содирот  аз 250 мл, 330 мл,  500мл  ва 750 мл иборат буда, ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва давлатҳои Аврупо  содирот  мегарданд. Айни замон дар ин самт гуфтушунидҳо  оғоз шудаанд.

 АМИТ «Ховар»: Ширкати «Авесто Гурӯҳ» чӣ гуна ширкат аст? Кай ташкил дода шудааст, дар кадом бахшҳо фаъолият дорад ва сабаби «Авесто Гурӯҳ» ном гирифтани ширкат дар чист?

Зафар Бурҳонзода:  Мафҳуми «Авесто»  номи китоби муқаддаси  зардуштиён буда,  сабаби «Авесто Гурӯҳ» ном гирифтани ширкат арҷгузорӣ ба ниёгони худ  аст. Ширкат соли 2016 таъсис дода шуда,  дар бахшҳои  гуногун,  назири татбиқи лоиҳаи муштарак бо ширкати туркӣ  оид ба истеҳсоли автобусҳои мусофиркаши замонавӣ фаъолияташро ба роҳ монд. Дар оғози сол бо иштироки Пешвои миллат  ба фаъолияти  корхонаи муштараки мазкур  ҳусни оғоз бахшида шуд.  Умед аст, ки соли равон аввалин автобусҳо истеҳсол гардида, дар хатсайрҳои мусофиркашонии  пойтахт ва ҷумҳурӣ сафарбар гарданд.

Дигар  самти фаъолияти ширкат  татбиқи лоиҳаи «Сity Card»  аст, ки имрӯз дар  хизматрасонии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбари пойтахт пурра ҷорӣ гардидааст. «Сity Card»  яке аз беҳтарин  ва муваффақтарин лоиҳа дар самти  шарикии давлат ва бахши  хусусӣ  арзёбӣ мегардад. Зеро шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт пурра аз низоми электронии пардохти ғайринақдии роҳкиро  истифода менамоянд. Ин обрӯю эътибори миллати мо буда, бо назардошти фарҳанги баланди сокинон ва меҳмонони пойтахт   татбиқи  лоиҳа дар давраи кӯтоҳ амалӣ гардид. Татбиқи лоиҳа дар самти гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»: «Авесто Гурӯҳ» шарикони хориҷии ҳамкор дорад?

Зафар Бурҳонзода: Бале, мо якчанд ширкатҳои муштаракро  таъсис  додаем. Бо шарикони хориҷии худ –ширкатҳои туркӣ, чинӣ, фаронсавӣ  ва олмонӣ ҷиҳати  татбиқи лоиҳаҳои   истеҳсолию сохтмонӣ ва хизматрасонӣ  ҳамкории судманд ба роҳ монда, муваффақ ҳам гардидаем.

АМИТ «Ховар»: Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

Зафар Бурҳонзода: Дар доираи фаъолияти худ стратегияи рушди ояндаи ширкатро ба тасвиб расонидаем, ки тибқи он  нақша дорем фаъолияти худро дар дигар соҳаҳо низ ба хотири расидан ба он ҳадафҳое, ки  Ҳукумати мамлакат  эълон намудааст,  хусусан саноатикунонии босуръати Тоҷикистон равона созем ва дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми шоистаи худро гузорем.

АМИТ «Ховар»: Ба ифтихори  30-солагии  ҷашни Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат  ҷабҳаи бузурги созандагию бунёдкорӣ эълон гардидааст. Ширкати «Авесто Гурӯҳ» дар самти ободонии пойтахт чӣ саҳм мегузорад?

Зафар Бурҳонзода: Бунёди корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботӣ яке аз иқдомҳои бузурги ширкат аст, ки ба 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида шудааст. Инчунин ба кор андохтани корхонаи муштараки  истеҳсоли автобусҳои мусофирбар, татбиқи лоиҳаи  «Сити корт»  дар  хизматрасонии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбари пойтахт аз корҳои анҷомдодаи ширкат мебошад, ки дар рушди пойтахт ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ  ба сокинону меҳмонон ва  дигаргун гардидани симои пойтахт, ҳамзамон дар маҷмӯъ ба баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон  дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»: Оби Сиёма чӣ гуна об аст?

Зафар Бурҳонзода: Оби Сиёма аз қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма гирифта, оби зулолу мусаффост ва таъми лазиз дорад. Об  дар тамоми  фасли сол тоза буда, дигаргун  намешавад. Дохил шудани ягон моеъ ба таркиби он ғайриимкон аст. Оби Сиёма оби пирях  ва барф  аст, бинобарин   ҳамеша сард мебошад. Оби дарёи Сиёма то дараҷае софу зулол аст, ки ҳатто пурра  қисми дохилии дарёро  дидан мумкин аст.

Дарёи Сиёма дар масофаи 50 км дуртар аз Душанбе,  дар дараи хушманзараи Варзоб воқеъ буда, тибқи ташхисҳои бисёркарата оби он яке аз беҳтарин  обҳои ҷаҳон ҳисобида мешавад.

Мувофиқи тадқиқоти олимони соҳа, оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбат расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва  тозакунии организм басо муфид мебошад. Оби Сиёма дар байни дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар Амрико  доир гардида  буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд.

                    Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Май 16, 2019 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон бо роҳбари ҶДММ «Ширкати байналмилалии Течен оид ба захираҳои табии ноҳияи мухтори Синзиян-Уйғур»-и Чин мулоқот анҷом дод
Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар конфронси «Закот, Андоз ва Гумрук 2024» иштирок намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо заминҳои кишт ва ниҳолхонаю гармхонаҳои Ҳисор шинос гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ шуд
Дар Душанбе якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд
Байни Тоҷикистон ва Миср Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар масъалаҳои гумрукӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Миср доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDDEF-Dubai 2024» Павилиони миллии Тоҷикистон ташкил шудааст
Дар Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишномаи молиявӣ оид ба гузариши «сабз» тавассути таъсиси занҷираи арзиши иловашудаи пахта ба имзо расид