Ширкати миллии Тоҷикистон «Сиёма» панҷсола шуд

Август 26, 2024 14:11

ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 август бахшида ба панҷсолагии таъсиси ширкати миллии обҳои ташнагишикани «Сиёма» дар кохи «Парфенон» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус мухбири «АМИТ» хабар медиҳад.

Қалб аз оғози ҳамоиш директори ширкати миллии «Сиёма» Толибҷон Маҷидов изҳор дошт, ки «воқеан имрӯз давлату ҳукумат ба рушди корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорон таваҷҷуҳи баланд зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки баъди соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи саноат рушд ёфта, корхонаҳои саноатии зиёде ифтитоҳ гардида, маҳсулоти босифати онҳо ҷумҳуриро дар давлатҳои хориҷӣ муаррифӣ менамоянд».

Дар ҳамоиш роликҳои видеоӣ оид ба таъриху ташаккули ширкат ва дастовардҳои он ба иштирокдорон намоиш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» ба истифода дода шуд.

Инак аз фаъолияти ширкати миллии «Сиёма» панҷ сол сипарӣ гардид. Ширкат бо ҳайати кормандон дар муддати кӯтоҳ тавонист дар бозори фурӯши дохил ва хориҷи мамлакат аз ҷиҳати сифат мавқеи муайянро ишғол намояд. Бояд гуфт, ки об барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз дарёи Сиёма, ки 55 километр дуртар аз пойтахти мамлакат қарор дорад, дастрас карда мешавад.

Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 26, 2024 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати миллии «Сиёма» дар озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2023» соҳиби ҷоиза гардид
Ширкати миллии Тоҷикистон «Сиёма» сазовори ҷоизаи эътирофи фахрии Ҷамъияти Аврупо оид ба татқиқоти сифат гардид
«Сиёма» истеҳсоли маҳлули антисептикӣ ба роҳ монд
Асали тоҷик ва оби «Сиёма» дар Намоишгоҳи байналмилалии «Ноrti-Ехро» дар Покистон муаррифӣ гардиданд
ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. «Сиёма» бо ҷоизаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ сарфароз гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд
ОБИ «СИЁМА» — ДАР ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН ОБҲОИ ҶАҲОН! Тоҷикистон чун бренди миллӣ онро ба давлатҳои арабӣ ва Аврупо содирот менамояд
«Авесто Гурӯҳ» корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» бунёд месозад
Оғози бунёди корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» дар шаҳри Душанбе