Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 85,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 85958 нафарро ташкил дода, аз ин теъдод 43531 зан ва 33494 ҷавон мебошад. Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2024 3588 шаҳрванд ба сафи ҳизб қабул гардид. Дар ин хусус 9 август раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода зимни баргузории ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар шашмоҳаи якуми соли 2024 изҳор намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар ҷаласа таъкид гардид, ки нимсолаи аввали соли 2024 ҳизбиёни пойтахт фаъолияти кории худро асосан ба корҳои ободониву созандангӣ, бунёдкорӣ, тозагиву озодагӣ ва сабзкориву хуррамгардонӣ равона намуданд.
Дар доираи ҳашари умумишаҳрӣ таҳти унвони «Шаҳри ман — хонаи ман» аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар пойтахт 12508 шанбегии оммавӣ баргузор намуда, дар рафти онҳо 24680 дарахту ниҳол ва 71 094 гули ороишии мавсимӣ шинониданд ва дар масоҳати 12,935 метри мураббаъ сабзкорӣ анҷом доданд.
Зимни ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол тибқи маълумоти оморӣ, шумораи аъзои ҳизб дар ҳудуди шаҳри Душанбе 85958 нафарро дар бар мегирад, ки аз ин теъдод 43531 нафар ё 50,64%-и онро занон ва 33494 нафар ё 38, 96% -и онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Танҳо дар нимсолаи якуми соли равон 3588 шаҳрванд ба сафи ҳизб қабул гардида, бо андешидани тадбирҳои зарурӣ дар пойтахт 36 ташкилоти ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Сохторҳои шаҳрии ҳизб дар 6 моҳи аввали соли 2024 дар самти кор бо занон 573 чорабинии гуногунро бо фарогирии 45 ҳазору 417 нафар занону духтарон ва дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш 958 чорабиниро бо фарогирии 61 ҳазору 211 нафар ҷавонон ва аҳли ҷомеа доир намуданд.
Дар идома Конференсияи ХХI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2024 даъват карда шуд.
Дар фарҷом аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






