Сокинони деҳоти Зонг ба таври муваққатӣ ба урдугоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа кӯчонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 август аъзои гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат баҳри бартараф намудани хисороти офати табиӣ дар деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим бо сокинон вохӯрӣ намуданд. Иброз гардид, ки бар асари офати табиӣ 39 хона, аз инҳо 13 хона пурра ва 26 хонаи дигар қисман зарар дидаанд. Оилаҳое, ки бар асари ин офати табиӣ хонаҳояшон пурра вайрон гардидаанд, ба таври муваққатӣ ба урдугоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа кӯчонида шуда, то бунёди хонаҳои нав дар онҷо истиқомат мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Хонаҳои нави истиқоматии сокинон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳ- якуним моҳ сохта, бо тамоми таҷҳизот ба зарардидагон супорида мешаванд. То бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ сокинони зарардида дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъа, дар урдугоҳи Шабдез истиқомат намуда, аз тарафи Ҳукумати мамлакат бо маводи мавриди ниёзи аввал таъмин карда мешаванд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни вохӯрӣ бо сокинон иброз дошт, ки аз нахустин лаҳзаи рух додани офати табиӣ дар ин мавзеъ тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси вилоят ситоди корӣ таъсис дода шуд. Ситод барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ то имрӯз корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






