Сокинони деҳоти Зонг ба таври муваққатӣ ба урдугоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа кӯчонида мешаванд

Август 9, 2024 11:15

ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 август аъзои гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат баҳри бартараф намудани хисороти офати табиӣ дар деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим бо сокинон вохӯрӣ намуданд. Иброз гардид, ки  бар асари офати табиӣ 39 хона, аз инҳо 13 хона пурра ва 26 хонаи дигар қисман зарар дидаанд.  Оилаҳое, ки бар асари ин офати табиӣ хонаҳояшон пурра вайрон гардидаанд, ба таври муваққатӣ ба урдугоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа кӯчонида шуда, то бунёди хонаҳои нав дар онҷо истиқомат мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.

Хонаҳои нави истиқоматии сокинон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳ- якуним моҳ сохта, бо тамоми таҷҳизот ба зарардидагон супорида мешаванд. То бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ сокинони зарардида дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъа, дар урдугоҳи Шабдез истиқомат намуда, аз тарафи Ҳукумати мамлакат бо маводи мавриди ниёзи аввал таъмин карда мешаванд.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни вохӯрӣ бо сокинон  иброз дошт, ки аз нахустин лаҳзаи рух додани офати табиӣ дар ин мавзеъ тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси вилоят ситоди корӣ таъсис дода шуд. Ситод барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ то имрӯз корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Август 9, 2024 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад