СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Амонатбонк» конференсияи ҷумҳуриявии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ доир шуд

Август 31, 2024 10:56

ДУШАНБЕ, 31.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 30 август бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ — омили муҳими муқовимат ба коррупсия» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин тамоми ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ иштирок карда, оид ба мавзуи мавриди назар андеша баён намуданд.

Чорабинӣ дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 баргузор шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ — зиддикоррупсионии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавии мамлакат мебошад. Дар конференсия таъкид гардид, ки баргузоршавии чунин ҳамоишҳо барои боз ҳам муттаҳид намудани иродаву амалҳо дар роҳи пешгирии содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ дар ин соҳаҳои ба иқтисодиёти мамлакат басо муҳим, мусоидат хоҳад кард.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 31, 2024 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст