СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд Конститутсия ва дигар қонунҳоро риоя намоянд

Август 18, 2024 15:30

ДУШАНБЕ, 18.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донистани қонун на танҳо барои мутахассисони ҳуқуқшинос ва прокурору судяҳо зарур аст, балки барои тамоми шаҳрвандон муҳим аст. Зеро тибқи Конститутсия, шаҳрванди Тоҷикистон уҳдадор аст Конститутсия ва дигар қонунҳоро риоя намояд, ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон эҳтиром гузорад, кӯдакон ва волидайни барҷомондаро нигоҳубин кунад, маълумоти миёнаи асосӣ гирад, ёдгориҳои таърихию фарҳангиро ҳифз намояд, боҷҳо ва андозҳои қонунан муқарраршударо пардоз ва Ватани худро ҳифз намояд.

Маҳз барои донистани ин уҳдадориҳо бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Чунин нигоштааст ҳуқуқшинос, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Рустамзода дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар».

— Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи мафкуравиро ифода менамояд. Дар дебочаи мухтасари он «бунёди ҷомеаи адолатпарвар» вазифаи халқи ҷумҳурӣ дониста шудааст. Дар моддаи якум моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ доштани Тоҷикистон ва дар Тоҷикистон инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ (моддаи 8) хислати мафкуравӣ доранд. Тавассути ин меъёрҳо Конститутсия дар бораи хислати инсондӯстона ва адолатпарваронаи сохтори ҷамъиятӣ ва сохтори давлатии ҷумҳурӣ маълумот медиҳад. Вазифаи мафкуравии Конститутсия дар рамзҳои давлатӣ ва бисёр меъёрҳои бобу фаслҳои он ҷой дорад.

Дар моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилоти байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд».

Дар соҳаҳои муайянсозии сохтори конститутсионӣ, падидаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, ташкилу фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ сиёсати устувор гардонидани иқтидори давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва дахлнопазирии он, пурзӯр кардани кафолати татбиқи ҳуқуқу озодиҳо пеш гирифта шудааст. Конститутсия субъекти ваколатдори татбиқи сиёсати хориҷиро муайян кардааст. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати муайян кардани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва ҳуқуқӣ дар дохили мамлакат ва дар муносибатҳои байналмилалӣ имзо гузоштанро додааст. Умуман, вазифаи сиёсии Конститутсия аз танзими воқеияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии дар мамлакат бадастоварда иборат мебошад.

Дастовардҳое, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, аз амалу қудрати бахтномаи миллат сарчашма мегиранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем.

Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад”.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 рўйдоди муҳим дар такмилу устувории низоми ҳуқуқии мамлакат, таъмини волоияти қонун ва шинохти муҳимтарин арзишҳои таърихию тамаддуни миллат буда, аҳли ҷомеа дар баробари истиқбол аз ин иқдом дар муаррифӣ, шинохт ва арҷгузорӣ ба Конститутсия корҳои мондагорро ба анҷом мерасонанд.

Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади тарғибу татбиқи нақшаҳои Соли маърифати ҳуқуқӣ тибқи фармоиши раиси Кумита нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расида, семинару ҳамоиш ва машғулияти идоравӣ пайваста баргузор мегарданд.

Соли маърифати ҳуқуқӣ моро вазифадор менамояд, ки бори дигар аз китоби сарнавишти миллат дар замони навини давлатдорӣ сабақ омўзем ва муҳимтарин рўйдодҳои онро, аз қабили амалинамоии чор ҳадафи муҳими давлатдорӣ, ки боиси раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ гардида, дар идомаи ин амалҳои бузург саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба ин васила аз мамлакати агро-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон идома дорад, қадр намоем, барои расидан ба ҳадафҳои муҳим ба сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат шукргузор бошему содиқона ба халқу Ватан хизмат намоем.

Маърифати ҳуқуқӣ- ин пеш аз ҳама, доштани донишҳои ҳуқуқӣ, огоҳ будан аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, дар ин замина риояи қарору қонунҳо ва муҳим аз ҳама, зиндагӣ кардан дар чаҳорчӯбаи муайяннамудаи талаботу муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистон аст.

Донистани қарору қонун ва риояи он дар ҷомеаи мо метавонад шаффофияти муносибатҳоро дар ҳама самтҳои давлатдорӣ таъмин намояд ва барои устувории сулҳу ваҳдати миллӣ, некӯаҳволии аҳли ҷомеа ва худшиносию худогоҳии мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла насли ҷавону наврас, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши ҷавонон дар давлатдории оянда эътиқоди беназир доранд, саҳм гузорад.

Мо, сокинони мамлакат бояд ҳамеша як нуктаро дар хотир дошта бошем, ки дар шароити кунунӣ маърифати ҳуқуқӣ, худшиносию худогоҳӣ ҷузъи қавии сиёсати Ҳукумати мамлакат шинохта шудааст. Мо бояд бо шинохти арзишҳои маънавӣ, сабақбардорӣ аз рӯйдоду дастовардҳои таърихӣ дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ саҳми назаррас гузорем.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 мо, фарзандони ин сарзаминро вазифадор менамояд, ки содиқона дар роҳи ободию шукуфоии Ватан, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва муҳимтар аз ҳама, муаррифии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлолу соҳиби сиёсат бештару беҳтар фаъолият намоем!

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 18, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон