Таҳкими ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт дар Остона баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт дар мулоқоти вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон дар Остона баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориро дар самтҳои гуногун, аз қабили гузаргоҳҳои транзитӣ, логистика ва ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ карданд. Онҳо ба тадбирҳои амалишавандаи давлатҳо оид ба рушди робитаҳои нақлиётӣ дар партави Созишнома дар бораи таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябри соли 2023 дар ҷараёни мулоқоти қаблии панҷуми машваратии сарони давлатҳои минтақа дар Душанбе ба имзо расида, ба бунёди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, ифтитоҳи марказҳои нави логистикӣ ва густариши шабакаи ҳамлу нақли байналмилалӣ равона шудааст, таъкид намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯриашон роҳбарони мақомоти нақлиётӣ Эъломияи Остонаро имзо намуданд, ки назарҳои тарафҳоро дар таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ тасдиқ мекунад.
Вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ инчунин Ёддошти тафоҳум имзо карданд, ки ба ҳамкории давлатҳо дар доираи фароҳам овардани муҳити мусоид барои ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ равона шудааст.
Имзои ин санадҳо идомаи мантиқии Созишнома дар бораи таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ гардид.
Вазирони нақлиёт баъд аз вохӯрӣ дар Корхонаи бастабандии электровозҳои Остона бо имконияти локомотивсозӣ шинос гардиданд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






